Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон – неруи боэътимод ва такягоҳи устувори ҷомеа

1836“Ҷавонон кувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, зикр шудааст, ки “Ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад”. Дар ҳақиқат имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишварашон буданд. Масалан, ҷавонон ба мисли Суҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, барои истиклоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд, гуруҳи ҷавонон инқилобҳои демократиро дар кишварҳои Аврупову Осиё ба вуҷуд оварданд ва имрузҳо ҷавонони ба идораи давлатӣ ҷалбшуда дар кишварҳои собик Шӯравӣ, аз ҷумла Қазокистону Русия ба пешрафти нисбии сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд. Бинобар ин, таърихи инсоният аз гувохи он, ки ҷавонон нерӯи созандаи бузург ҳастанд, саршор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрузу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутарраққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Тоҷикистон дар солхои аввали сохибистиклолӣ, бахусус дар мархалаи гузариш аз як низоми сиёсиву ичтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилихои сахту сангин рӯбарӯ гардид.
Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари шумо хануз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шахрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иктисодӣ ва ичтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, кисми зиёдтарини онхо ҷавонон буданд, иктисоди кишварамон ба хисороти вазнини моддӣ дучор омад.
Бо вучуди ин, аз хамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба хол давлат ва Хукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз чумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавкеи хоса паӣдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир менамояд.
Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба рох монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.
Баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 маӣи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соха - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар асоси паёмхои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди паӣгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Хукумат ба сатхи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.
Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эхсоси гарми ватандӯстии онхо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.
Аҳруллозода Б., муаллим-методисти калони қисми таълими факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...