Зӯроварӣ дар оила аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Рӯзҳои 22-23 майи соли ҷорӣ дар Академияи ВКД тренинг дар мавзӯи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон», ки ташкилкунандаи он Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон» буд, гузаронида шуд.
Дар тренинг 30-нафар курсантдухтарони факултетҳои №2 ва 5 Академияи ВКД иштирок доштанд. Ба ҳайси тренерон коршиносони хориҷӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила – Пилле Тсопп-Паган ва Раул Ҳейдо (Ҷумҳурии Эстония) баромад намуданд.
Тренинги омӯзишӣ аз якчанд қисм иборат буда, яке аз қисмҳои асосии он шиносоӣ бо Конвенсия оид ба барҳам додани шаклҳои табъиз нисбати занон (CEDAW) ва Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва зӯроварӣ дар оила (Конвенсияи Истанбул) буд.
Ҳамчунин масъалаи аҳамияти занон бар зидди зӯроварӣ дар Аврупо (WAVE) ҷиҳати бартараф намудани зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон, инчунин, ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои мазкур баррасӣ гардиданд.
Ба курсантдухтарон оид ба рушди низоми нахустин паногоҳи ғайритиҷоратии занони Тарту дар Эстония, инчунин, намунаи Скандинавии «Маркази кӯдакон» (Barnahus) маълумот дода шуда, дар бораи вокуниши Minnesota (ИМА) оид ба зӯроварии гендерӣ видеоролик намоиш дода шуд.
Дар охири омӯзиш аз тарафи роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон» ба курсантдухтарони Академия сертификатҳо суприда шудаанд.
Каримова Л.М., подполковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э., полковники милитсия