Хатми бомуваффақонаи адюнктураи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия
Омӯзгори калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Бобоназарзода Фарҳод Шарофиддин бомуваффақият адюнктураи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россияро дар шаҳри Москва хатм намуда ба ватан баргашт.
Дар тӯли 3-соли таҳсил ӯ бо баҳои хубу аъло хонда, дар чорабиниҳои ҷамъиятии Академияи идоракунии ВКД Федератсяи Россия ҳамчун фиристодаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаъолона иштирок намуда, обрӯю мақоми онро баланд бардошт.
Дар натиҷаи саъю талошҳои ҷиддӣ рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Конституционно-провавые основы обеспечения личных прав и свобод гражданина органами внутренных дел Республики Таджикистан» ба анҷом расонида, дар адюнктураи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия барои ҳимоя пешниҳод намуд.
Бояд тазаккур дод, ки сардори Академияи ВКД дотсент, генерал-майори милтисия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ барои зиёд шудани кормандони илмӣ-педагогии Академия аз ҳисоби кадрҳои ватанӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Омӯзгори калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Бобоназарзода Фарҳод Шарофиддин худ хатмкунандаи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳанӯз ҳангоми курсантӣ ба илму дониш ва педагогика мароқи хос зоҳир менамуд.
Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону профессорони Академия майори милитсия Бобоназарзода Фарҳод Шарофиддинро бо ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав ба нави илмӣ-педагогиро орзу менамоянд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.