Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзҳои 24 ва 25 январи соли равон 263 нафар шунавандагони факултети ғоибонаи Академияи ВКД ва ҳайати кормандони факултет ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аъзои Китобхона гардиданд.
Шунавандагон бо ба даст овардани корти аъзогӣ имкон пайдо намуданд, ки бо ганҷи бебаҳои ин даргоҳи муқаддас ошноӣ пайдо намуда, аз хазинаи Китобхона китобу маводҳои дӯстдоштаашонро дастрас ва мутолиа намоянд.